Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ Рӯзи 16.10.2025 бо ибтикори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” ҷаласаи пленарии конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” бахшида ба Рӯзи соҳибкорон бо иштироки олимон, коршиносон, муҳаққиқон, донишҷӯён ва магистрантон баргузор гардид. Баъдан дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтавои олимону коршиносони варзидаи зерини соҳа шунида шуд: • Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи ”Имкониятҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ”; • Забирзода Некруй - Сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Дастгирии давлатии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ”; • Толибзода Қобил Қосим – д.и.и., профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Афзалиятҳо ва мушкилоти соҳибкории тиҷоратӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ”; • Исматуллоев Исматулло Убайдович – н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Технологияи бизнес ва нақши он дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ”; • Алимов Комилҷон Касирович – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши соҳибкорӣ дар таъмини рушди саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Дар идомаи чорабинӣ профессор Раҷаб Раҷабов ва мудири кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкории Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд”, дотсент Иноятхон Каримова дар музокира иштирок намуда, фикру андеша, пешниҳод ва тавсияҳои ҷолибро доир ба мавзӯи матраҳшуда баён карданд. Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров аз номи Кумитаи тадорукот ба маърӯзачиёну иштирокчиён барои иштироки фаъол, саҳмгузорӣ ҷиҳати баргузории конференсия ва пешниҳоду тавсияҳо изҳори сипос намуда, ба кори бахшҳои конференсия муваффақият таманно намуд.
Название:
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Категория:
Разное