ШЕЪРИ УСТОД МУЪМИН КАНОАТ бо садои БУЗУРГМЕҲР
#СУРУДИ_ОХИРИН аз устод МУЪМИН ҚАНОАТ Ба тундӣ хашми дарёям, Ба тамкин сабри саҳроям. Ба нармӣ чун дили ошиқ, Ба сахтӣ санги хороям, Ба савдо рафта дунё чун Самарқанду Бухороям, Макун дигар ту савдоям; Ки дар савдои ту аз даст додам сусту сахтамро, Ки Доро будаму аз даст додам тоҷу тахтамро. Ба мисли кафтари дубома дидам мурғи бахтамро, Ба зери бол рахтамро. Туро бо зевари лафзи дарӣ пардоз медодам, Сукути сарду урёни туро овоз медодам, Зи анҷоми суруди худ туро оғоз медодам, Туро парвоз медодам. Кушодӣ аз ниқоби гулпарӣ деви ниҳониро, Задӣ бар хок ишқи беғубори осмониро, Рабудӣ аз вуҷуди зиндаи ман зиндагониро, Ҷавониро, ҷавониро... Камони рустамиро мекашам бо панҷаи тақдир, Пари афтодаатро мекунам пайкон, Ва бо як тир, Туро дар синаи худ мекушам охир...
Название:
ШЕЪРИ УСТОД МУЪМИН КАНОАТ бо садои БУЗУРГМЕҲР
Категория:
Разное